БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МАҲАЛЛАИ ҚӮРҒОНЧАИ ДЕҲАИ ҒАЗАНТАРАК ОҒОЗ ГАРДИД

27.06.2025
print
27 июн Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Қӯрғончаи деҳаи Ғазантараки ноҳия ҳусни оғоз бахшид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми хатмкунандагони соли таваллудашон 1988 ва сокинони маҳаллаи мазкур амалӣ гардида истодааст.
Роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 1 км масофаро дар бар мегирад ва бо ин мақсад хароҷоти наздик 280 ҳазор сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ноҳия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дошта, нақши сокинон низ дар ободии сарзамини муқаддасамон назаррас аст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди деҳаи Ғазантарак бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки сокинони деҳаи мазкур соли сипаригардида низ бо дастгирии хатмкунандагони соли 1987, сокинону шахсони саховатпеша зиёд аз 2,5 км роҳҳои дохилиро мумфарш намуда буданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code