ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО ИДОНА БА КӮДАКОН

27.06.2025
print
Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ба кӯдакони эҳтиёҷманд Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода тӯфаҳои идона тақдим кард.
Сараввал Раиси ноҳия кулли кӯдаконро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно намуданд.
Дар сӯҳбат бо наврасон роҳбари ноҳия қайд кард, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам кӯмак расонида мешавад.
Раиси ноҳия аз хонандагон даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, забонҳои хориҷиро хуб азхуд кунанд. Дар оянда пайдо намудани роҳи дурусти зиндагӣ маҳз аз таҳсилу ҳунаромӯзии даврони мактабӣ вобаста буда, наврасон бояд аз шароити мусоид пурсамар истифода намоянд.
Ҳамзамон Раиси ноҳия зимни тақдими туҳфаҳо аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар гардида, ба масъулин барои мунтазам расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code