РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАБ АҲМАДЗОДА ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АЗ ҲОЛИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ХАБАР ГИРИФТ

27.06.2025
print
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич ба хабаргирии собиқадорони меҳнат рафт.
Раҷаб Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори меҳнат Ҳикмат Ниёзова ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Азимовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфт.
Сокини деҳаи Қалъаи Дӯст, Ҳикмат Ниёзова, ки аз соли 1967 ба ҳунармандӣ машғул аст ва даҳҳо шогирд тарбия намудааст, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор гирифта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардид. Номбурда дар суҳбат таъкид дошт, ки меҳнати ҳалол ва ҳунари дастӣ дар ҳама давру замон шахсро ба камол ва иззату эҳтиром мерасонад.
Ҳамчунин Ҳошим Азимов, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз ҷониби роҳбари вилоят бо туҳфаҳои идона қадр карда шуд. Дар суҳбати самимӣ таъкид шуд, ки саҳми собиқадорон дар рушди кишвар муҳим аст ва мардум имрӯз натиҷаи заҳматҳои онҳоро бо чашми сар мебинанд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code