Дар ноҳияи Деваштич бо дастгириҳои мақомоти давлатӣ ва саҳмгузории сокинон 22 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мумфарш карда шудааст. Корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо дар деҳаҳои гуногуни ноҳия идома дошта, дар назар аст, ки даҳҳо километри дигар мумфарш гардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии кӯчаҳои асосии деҳаҳои Басманда ва Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич иштирок намуд.
Ба иттилои масъулин, кӯчаи марказии деҳаи Басманда ба дарозии 1900 метр ва 800 метр кӯчаи деҳаи Қалъаи Дӯст пурра мумфарш мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят таъкид кард, ки ҳама гуна пешрафту созандагӣ маҳсули ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои ободонии Ватан саҳмгузор бошанд.
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд ба хабаргирии собиқадорони меҳнат, шахсиятҳои фидоӣ ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич рафт.
Сокини деҳаи Қалъаи Дӯст, Ҳикмат Ниёзова, ки аз соли 1967 ба ҳунармандӣ машғул аст ва даҳҳо шогирд тарбия намудааст, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор гирифта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардид. Номбурда дар суҳбат таъкид дошт, ки меҳнати ҳалол ва ҳунари дастӣ дар ҳама давру замон шахсро ба камол ва иззату эҳтиром мерасонад.
Ҳамчунин Ҳошим Азимов, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз ҷониби роҳбари вилоят бо туҳфаҳои идона қадр карда шуд. Дар суҳбати самимӣ таъкид шуд, ки саҳми собиқадорон дар рушди кишвар муҳим аст ва мардум имрӯз натиҷаи заҳматҳои онҳоро бо чашми сар мебинанд.
Мардум ва сокинони ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҷашнҳоро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол мегиранд. Онҳо бо иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ доранд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо дастовардҳои шоиставу сазовор таҷлил намоянд.
Шарҳ нест