ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ  

05.06.2025
print

Ҳамасола санаи 5 июн дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

 

Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёнгари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳими умумибашарӣ дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

 

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони имрӯза афзоиш ёфтани шумораи аҳолии сайёраи Замин ва зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами наботот аҳамияти бештар зоҳир намояд. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи инсон буда, боло рафтани маърифати экологӣ барои зиндагии осоиштаи ҳар як сокини сайёра кӯмак мерасонад.

 

Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва дорои табиати беназир шинохта шуда барои муаррифии манзараҳои нотакрори кишвар ва ба ин восита ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидат мекунад.

 

Дар миқёси ноҳия мавриди амал қарор додани ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи омодагӣ ба ҷашнҳои умумимиллӣ ва дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст.

 

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи ташаббусҳои наҷиб ба сомон расида истодаанд, ки асоси ҳамаи он ба тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо, ободонии ҳар як шаҳру деҳот, вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дар маҷмуъ рушду нумӯи Ватани азизамон вобаста мебошад.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

якҷоя бо бахши ҳифзи муҳити зист, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои пешрафти соҳа ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии табақаҳои гуногуни ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд.

 

Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳия табиати нотакрору биҳиштосои Ватани азизамонро ҳифз намуда, ба ин васила дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии хешро нишон медиҳанд.

 

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, кормандони соҳа ва тамоми дӯстдорони табиати ноҳияро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист табрику муборакбод гуфта, дар идомаи иқдомҳои наҷиб пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу менамоям.

 

Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак бод!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code