Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо / 15.01.2020

ДУШАНБЕ 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14-15-уми январи соли 2020 сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон доир гардид. Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд. Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.