Ҳадафҳои нопок амалӣ намегарданд!

09.03.2019

print
Дар мақолаи охирини Додоҷон Атовуллоев дар мавриди ТТЭ ҲНИ, ошкорсозии амалҳои нангини онҳо маълумотҳои аҷибе оварда шуд.

Тавре аз гуфтаҳои рӯзноманигор аён мегардад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш танҳо барои манфиати хеш амал намудаанд. Аз манфиатҳои ба даст овардаи он хоину ҷиноятпешагон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Дар натиҷа душманони миллати тоҷик сабабгори бадбахтиҳои зиёд дар кишвар гардиданд. Сомонаи “Ахборком”, ки ба Мирзо Салимпур тааллуқ дорад, бозичаи дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ табдил ёфтааст. Манфиатҳои ҳизби наҳзат ва хоҷагонашро пиёда месозад. Ӯ бо ақидаҳои ғаразноки худ ва шариконаш гӯё вокунише нисбати рӯзноманигор эҷод карданд. Аммо аз навиштаҷоти “Ахборком” ба ҷуз дуруғ чизи дигаре ба назар намерасад.

Наҳзатиён барои рӯйпуш кардани гуфтаҳои Д.Атовуллоев ва ҷиноятҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии хеш доири гирдиҳамоии санаи 10 декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин гузарониданд, маводҳо нашр намуданд. Бо намоишу гирдиҳамоӣ хоинони миллат талаби раҳоии чанд ҷинояткор намуданд. Аммо ҳадафи асосии он бедодгариҳои навбатӣ, гумроҳ сохтани мардум ва вонамудкунӣ барои дарёфти хоҷаи нав буд. Ин террористону экстремистони наҳзатӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон мекунанд? Дар ҳоле, ки худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол карда, ҷавононро ба созмону гуруҳҳои террористӣ ҷалб менамоянд. Гирдиҳамоиро террористону экстремистони наҳзатӣ ба хотири содир намудани амалҳои номатлуб ва хиёнаткорона барпо карданд. Инчунин мусоҳибаи Шабнам Худойдодова, «ҳомии ҳуқуқи башар ва кӯдак» ҳамроҳи Сайидюнуси фирории хоин таҳти унвони «ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад» дар сомонаи ивғоангезонаи «Кимиёи саодат» нашр шуд, ки дар он муаллиф суханҳои дурӯғу бофтаро ба забон овардааст. Ӯ худ дар куҷо асту аз Тоҷикистон ҳарф мезанад!

Ҳоло дар мамлакатҳои Аврупо намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ, бо ғаразҳои нопоки хеш амал карда истодаанд. Аммо онҳо намедонанд, ки амалҳову ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ доштаашон имрӯз ба кор намеояд. Мардуми тоҷик дигар ба бофтаву фиреб, доми макри чунин хоинон дода намешавад. Ба қадри ватандорӣ, сулҳу субот, оромиву осудагӣ мерасад.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code