Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

22.05.2019
print

Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон дар  варзишгоҳи марказии як тантанаи бошукухе доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ва гуруҳи зиёди ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ намуда, кулли ҷавонони шарафманди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод кард. Дар суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони ноҳия дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазое доранд. Намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух табрикоти вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид.

Ҳамзамон Сипосномаҳои Раиси ноҳия ба як қатор ҷавонон қадршиносӣ гардиданд. Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки Рустам Азимӣ пешкаш карда шуд. Ҷавонони ноҳия аз ин иқдом басо шод гардида,  руҳияи тозаи идонаро ба худ касб намуданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code