Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 80-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҷоннисориҳо кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳифзи онҳо мо бояд ҳамеша омода бошем. Бояд қайд намуд, дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки…
8 май намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 100 сола ва сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Нозим Носирови 101 соларо хабар гирифта ба онҳо кумакпулиҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супориданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст. Мавриди зикр аст, ки ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 50 000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 000 сомонӣ ва аз номи Раиси ноҳияи Деваштич 3000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд. Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Субҳи 8 майи соли 2025 ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи муҷассамаи “Аскари номалум”-и шаҳраки Ғончӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд. Инчунин дар маросими гулчанбаргузорӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол низ бо эҳтироми хоса ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияро ба муносибати 80-солагии Рўзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, саодати рўзгор ва барору комёбиҳо таманно намуд. Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд. -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –…
8 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд. Зимни суҳбат бо иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ҷанги дуюми ҷаҳон тамсили олии Ватандӯсти, ваҳдат озодихоҳӣ, ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад. Бояд қайд намуд, ки ба муносибати ин санаи таърихӣ ба 5 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки айни замон дар ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунанд ёрии яквақтаинаи моддӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд-8000 сомонӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич- 1000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ин иқдом идомаи тадбирандешиҳо ҷиҳати қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи Ватан ба шумор меравад. Фидокорони меҳнати ақибгоҳ аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.