ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

14 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин шудааст. Сипас, муовини Раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 гузориш…

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ПОЙАФЗОЛ ВА МАВОДИ ШУСТУШӮӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд. Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад. Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шудааст. Маҷмӯи дастгоҳҳои пойафзолдӯзии коргоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ, бурандагӣ ва суфтакунӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб гардидааст. Дар бунёди бинои коргоҳ ва муҷаҳҳазгардонии он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Дар коргоҳ ду хатти истеҳсолӣ фаъол карда шудааст. Дар қисми асосии он истеҳсоли пойафзол сурат мегирад. Қисмати  бештари ашёи хоми коргоҳ, аз ҷумла чарм ва ришта маҳсулоти ватанӣ аст. Корҳои лоиҳакашии Коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Деваштич аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иқтидори нави саноатӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини некӯаҳволии мардум…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

Муҳтарам кормандони мақомоти андоз ва собиқдорони соҳа! Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоёнро ба муносибати иди касбиатон Рўзи кормандони мақомоти андоз аз номи худам ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик ва муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рўзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям. Воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд. Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад. Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомоти андози ноҳия мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ…

Кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 9 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар майдони  9 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024  800 гектар бештар аст.   Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст.   Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро пурсамар истифода бурда, дар он парвариши картошкаро ба роҳ мондаанд.   Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ аз ҷониби деҳқонон пурра истифода шуда, дар чунин заминҳо асосан кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 2 майи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти андоз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш кулли кормандони ин ниҳодро бо рӯзи иди касбиашон шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд. Зикр гардид, ки воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Дар замони муосир ҷамъоварии андоз натанҳо масъалаи иқтисодии дохилӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ низ маҳсуб меёбад. Амалишавии Кодекси андози кишвар дар таҳияи нав далели ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати андозсупорандагон мебошад. -Шумоён баҳри ободиву шукуфонии давлати соҳибихтиёри азизамон боз ҳам самаранок фаъолият намуда, дар марҳалаҳои минбаъда барои таъмини пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани муносибат ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мусоидат ба…

МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ОИД БА НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2024

11  октябри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқкардашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони шӯрои маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд. – Сокинони меҳнатқарии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар ​ суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил…