ДЕВАШТИЧ: АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ДАР ҚИСМҲОИ САРҲАДИЮ НИЗОМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-уми ноябр тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар қисми низомии 04533 ва қисми сарҳадии 0214 РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардида, дастархони идона ороста шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода иштирок доштанд. Сараввал Раиси ноҳия кулли афсарону сарбозони шуҷои Ватанро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табруку муборакбод намуда, қайд намуд, ки сарбозону афсарон дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд. Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар…

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РОҲПАЙМОӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи 16 ноябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президент ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ роҳпаймоии ҷашнӣ бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, сокинону фаъолони ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ намуданд. Дар роҳпаймоии ҷашнӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ширкат варзида, ҳозиринро бо Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Зикр гардид, ки рӯзи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри воқеӣ буда, соли 1992 дар ин рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба кори худ оғоз карда, дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргирро пеш гузошт. Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи ташаккулёбии ниҳоди сарварӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Бо гузашти зиёда аз 33 сол аз рӯзи баргузории ин иҷлосия ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуъомада метавон хулоса…

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

16 ноябр дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолону ҷавонон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Деваштич зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ, пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд. -Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон…

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 31-СОЛАГИИ РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

5 ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази ноҳия ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия иштирок намуд. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ ҳозирин ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон саодати рўзгор, барори кор ва осмони софу фазои беғуборро таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кўшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро…

ДИДОРБИНИИ РАҶАБ АҲМАДЗОДА БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт. Анор Сангинов собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои зиёд ҳамчун механизатор фаъолият намуда, хизматҳояш бо медалу сипосномаҳо қадр шудааст. Мушарраф Шобаротоваи 88 сола бошад дар тарбияи фарзандон саҳм гузошта, имрӯз давлати пирӣ меронад. Набиҷон Эшонов аз соли 1968 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 кору фаъолият дорад. Тӯли 57 соли фаъолият дар таълиму тарбияи фарзандони диёр саҳм гузошта, имрӯз хушҳол аз он аст, ки меҳнати ӯро давлату Ҳукумат қадр мекунад. Ба собиқадорони меҳнат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.  

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАБ АҲМАДЗОДА АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАЛЁНИ БОЛОИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич шинос гардид. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари маркази шаҳру ноҳияҳо деҳоти дурдаст ҳам ободу зебо гардида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми сокинон беморхонаи наву замонавӣ бунёд гардида истодааст. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки бошандагони ҷамоат роҳи дарозро тай накарда, дар иншооти нав аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода намоянд. Раиси вилоят аснои боздид таъкид намуд, ки дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст тадбирҳои судманд меандешад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешавад. Дар ҷамоат ҳамчунин бунёди кӯдакистони нав ба нақша гирифта шуда, сокинону соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар амалӣ шудани ҳадафҳои нек саҳм мегузоранд. Раиси вилоят бо лоиҳаи кӯдакистон шинос гардида, дастур дод, ки лоиҳа бознигарӣ карда шавад. Яъне бо назардошти зиёд будани аҳолӣ супориш дода шуд, ки бинои кӯдакистони нав бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талабот сохта шавад….

ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН   

3 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон баргузор гардид.   Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурасул Абдунабиев, муовини Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.   Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд.   “- Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.   Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор…

ГУСЕЛИ ТАНТАНАВИИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ   

1 октябри 2025 дар майдони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – и ноҳияи Деваштич маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид, ки дар маросим Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолон, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.   Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.   Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода даъватшавандагонро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.   Ҳамчунин, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд. Ҳамчунин қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди…

МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ НАМАНГОН ШАВКАТҶОН АБДУРАЗЗОҚОВ

7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид. Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд. Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд. Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд. Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам…

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ “РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ КАРТОШКА ДАР МИНТАҚАҲОИ КУҲӢ ВОБАСТА БА ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ” ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

2 августи соли 2025 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба вилоят Суғд соли 2025, ҳангоми шиносоӣ санаи 12 июли соли 2025 аз таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич, бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, захираи маводи ғизоии ду сола, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин ба кулли мардуми кишвар баён доштанд, Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакўҳи вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим” дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Деваштичу Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд. Дар кори семинар, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Салимзода Салим, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Муҳаммадсаид, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода,…