Шароити имрӯзӣвамасъулияти зиёӣ

26.11.2019

print

Таърихи зиндагии инсони гувоҳи он аст, ки дар ҳамаи давру замон ќишри пешрави ҷомеа – равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва ҷомеаи адолатпарвар, озодихоҳ, инсонгаро, мардумсолор ва ҳувиятсоз бо неруҳои муҳофизакор, истибдоди ва аќибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роҳи муќаддас ва ифтихорманд ҷонбозиҳо кардаанд.

Албатта, масири муборизот дар ҳавзаҳои сиёсию мадании башари якранг ва муштарак нест ва тарзу шеваи ибтикороти сиёси, фарҳанги, фикри ва иҷтимоии равшангарон тайи таърихи инсони, бо назардошти шароиту вазъ мутафовит аст.

Мусаллам аст, ки зиёиён ва равшанфикрон бо ҷаҳолат, хурофот, таассуб, суннаписанди ва вопасгаройи, ки умдатан, бо иртиҷоъпарасти ва муҳофизакори тавъаманд (иртиҷойи –вежагии он ки ба ќавонин ва суннатҳои гузашта пойбанд аст ва бо дигаргуни ва пешрафти ҷомеа мухолифат мекунад, дар ҷиҳати ҳифзи вазъи гузашта мекўшад ва бар зидди низому усули нав ва мутараќќи талош меварзад – ниг.: Анвари Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анвари. -Теҳрон: Сухан, 1383.-С.45; муҳофизакор – он ки тарафдори аќоид ва суннатҳои кўҳна ва мухолифи таѓйиру дигаргуни аст – ниг.: Анвари Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анвари.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.925), ҳамвора дар муборизаву муќовимати шадид қарор гирифта, умдатан, алайҳи хурофотиёну мутаассибон мешӯранд. Ин шӯришу муќовимати ҳадафмандона хатти машши зиёиро аз табаќоти дигари иҷтимои ҷудо мекунад. Роҳу масири ҳаракати зиёи дар ҳар давру замоне муайян ва мушаххас аст: ҳалли мушкилот ва масоили фикри, аќидати, иҷтимои, фарҳанги ва сиёсии ҷомеа ва дар зимн, огоҳ кардани ҷомеа аз хатар ва вабои доимо таҳдидкунанда – хурофоту таассуби диниву дунявӣ. Дар ин амр зиёи бо гарави ҷон рисолати иҷтимои, фикри ва дар маҷмўъ, инсониашро сомон медиҳад.

Мубориза боартишибузурги хурофотию ифротгаро ҷабҳаи муборизаи зиёиёни асили миллиро, чи дар гузашта ва чи дар шароити феъли ташкил дода ва медиҳад. Дар асрҳои миёна ҳавзаҳои дарсии файласуфони мутафаккирони миллӣ боиси огоҳмандии баъзе табақоти иҷтимоӣ ва як идда насли ҷавони ҷомеа гардида буд, вале муҳитҳои мадраси, ки дар онҳо улуми дуняви (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуѓрофиё, кимиё ва амсоли инҳо) тадрис мешуданд, мавриди таҳоҷуми сиёси, мафкурави ва ҳатто физикии хушкандешони мазҳаби ќарор мегирифтанд ва таҳдиду фишори амиќ болои тоифаи ба истилоҳ, файласуфону ҳакимон, ки дар ќолаби зиёиёну бузургони милли инсиҷом меёбанд, ҷидди мушоҳида мешуд. Эътирозоту интиќодоти бузургони асримиёнагии милли, мисли Рўдаки, Даќиќи, Фирдавси, Ибни Сино, Носири Хусрав, Суҳраварди, Мавлоно Ҷалолуддини Балхи, Саъди, Ҳофиз ва дигарон, ки алайҳи хушкандешии мазҳаби сурат гирифта, фиребу найранги ононро рўйирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи зиёиёни бумӣ дар таърихи милли маҳсуб меёбад. Бузургони милли дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимои ва дини-мазҳаби буданд ва ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузоранд, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои милли ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараќќиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби мазҳаби бубандад. Ба сухани дигар, ҳаракати зиёигарии миллӣ дар асрҳои миёна бо селаи хурофотиёни дини-мазҳаби муќовимат карданд ва тавассути пофишориҳои илми ва фарҳанги иҷоза надоданд, ки рўҳи илму дониш ва огоҳи шикаста гардад.

Мутаассифона, имрӯз зуҳуроти хашини тундгаройии динӣ ва мазҳабӣ бо шаклу қолибҳои нав давлат ва ҷомеаҳои миллиро таҳдид мекунад. Муҳаќќиќон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуб ва хашини бунёдгаройи (фундаментализм), тундгаройи (радикализм), ифротгаройи(экстремизм) ва даҳшатафкани(терроризм) дар маҳрумиятҳои фикри, иҷтимои, иќтисоди ва фарҳанги реша дошта, ќишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимои ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа, миёни ҷомеа, бахусус ќишрҳои осебпазири иҷтимои зўроварию ҳуҷум, истибдод ва хушунаттавлид мекунанд. Аз ин рў, дар кишварҳои Шарќи мусулмони бештар масоили маҳрумиятҳо ва нобаробариҳои иҷтимои, иќтисоди, фикри ва моддию маънави матраҳанд ва бар мабнои он нафрату бадбини ва ифротгаройии дини-мазҳаби дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо мекунад. Мафкураи истеъмории дини-мазҳаби дар ҷавомеи суннати хурофот ва таассубро барангехта, ба ин васила зеҳнсозиҳои дини матраҳ ва мутадовил мегарданд. Зеҳнсозиҳои дини-мазҳаби (ин гуна зеҳнсозиҳо, одатан бар мабнои бадбинию зўровариҳои иҷтимои сохта шуда, таассуб-фанатизми дини-мазҳабиро дар шакли шадид ва тундутез ривоҷ медиҳанд) тадриҷан вусъат намуда, паҳнои иҷтимоъро фаро мегиранд ва дар шакли террорҳои аќидати (мафкурави) ва ҷисмони буруз мекунанд. Мушкил инҷост, ки минбаъд бадбинию танофури дини-мазҳаби дар ҷомеа зеҳнсозӣ мешавад ва бинишҳои мардум ва табақоти иҷтимоиро шакл медиҳад. Бо мурури замон ин навъи бинишҳои хурофоти ва таассубӣ доираи нуфузро тавсеа мебахшанд ва аз як табақа ба табақаи дигари иҷтимоӣ интиќол меёбанд.

Дар зимн, ифротгаройи ё ба истилоҳ экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишави ва ташаннуҷи бархўрдҳои дини-мазҳаби ва сиёсию тамаддуни ба як анъанаи нописанд ва хушунатбор табдил ёфта, дар кунҷу канори сайёраи замин, махсусан манотиќи гуногуни Шарќи мусулмони нооромию бесуботии сиёси, иҷтимои, иќтисоди ва фарҳангиро ба дунбол меоварад. Аммо ин нукта, аслан абарќудратони ҷаҳониро ба ташвиш намеоварад, баръакс, тибќи хоҳиш ва тарҳҳои сохтаи онҳо роҳандози мешавад ва натиҷатан, ба коми онҳо анҷом мепазирад. Дар ин замина, як нуктаро таъкид кардан ҳукми зарурат аст: ќудратҳои бузурги сиёси ҳамеша ба ҷомеаҳое иртибот мегиранд ва тарҳҳои сиёси роҳандози менамоянд, ки зарфиятҳои тангу маҳдуди иҷтимои, сиёси, фарҳанги, маърифати ва иќтисоди дошта, дастнигари дигаронанд. Ба сухани дигар, ҷомеаҳое, ки ба гирдоби хурофту таассуби суннати ва дақиқтараш, «ҷаҳли мураккаб» гирифторанд, аз назари равони, ахлоќи, фарҳанги, сиёси сахт осебпазир буда, бо вазиши муќаррарии боди ҳангомаю тавтеа ваҳшонияташонро буруз мекунанд ва дар пайи даҳшат овардан, тахриб сохтан ва мутазалзил кардани давлатҳо ва ҷомеаҳо гом бармедоранд.

Пурсиши ин ки “Чаро фундаментализм, терроризм, экстремизм ва радикализми дини дар кишварҳои Шарќи мусулмони реша давонда истодааст?”, метавонад посухҳои мухталиф дошта бошад. Агар, аз як тараф, баъзе қудратҳои ҷаҳони, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ба сифати бизнеси мувофиќ ва сердаромад корбаст кунанд, аз ҷониби дигар,аксари мусулмонони дунё аз назари огаҳи ва иттилоъ, маърифат ва биниш аќибмонда буда, донишу ҷаҳоншиносии онҳо бештар рўйи эҳсосу тасаввурот ќарор дорад. Ва, азбаски аксарияти ҷомеаҳои Шарқи мусулмонӣ зарфиятҳои маҳдуди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва эҷодӣ доранд, ғолибан таҳти таъсири ақидатии созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ қарор мегиранд ва дар бунбасти маънавӣ ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар сурати бурузи интиќодоти фикрию ақидатӣ, ки ба он ҳанўз ҷидди одат накардаанд, ҳассосият ва вокуниши шадид нишон медиҳанд. Ба ин далел, нахуст бояд механизмҳои ҷалби ҷомеаҳои ақибмонда ва вопасгароро ба низомҳои сиёсии дуняви ҷустуҷӯ ва пайдо кард. Танҳо дар сурати ворид гардидани ҷомеаҳои баста ва консервативӣ ба муҳитҳои муътадилу бози иҷтимоӣ, эҷоди ва фарҳанги мушкилоти бурузи шадиди ҳассосияту эҳсосоти контролнашавандаи мазҳабиро коҳиш медиҳад ва роҳи ташаккул ва рушди тафаккури интиқодиро, ки бар мабнои истиқлоли фикрию эҷодӣ зуҳур мекунад, ҳамвор месозад.

Шароити муосири сиёсӣ ва геополитикӣ аз насли зиёиёни асили тоҷик масъулиятмандӣ ва кори фаъоли шабонарўзиро таќозо менамояд, то сатҳи хатарҳои минтақавӣ ва глобалие, назири ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва даҳшатафкании дини-мазҳаби, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва таваҳҳуми он баданаҳои иҷтимоиро сироят накунад. Махсусан, дар шароити давлатсозии миллӣ масъулияти зиёии тоҷик бештар мегардад, чаро ки душманони мафкуравӣ ва фурсатталабони дохилию хориҷӣ бар он талош меварзанд, ки ҷомеаи тоҷикро дар ҳоли карахтии фикрӣ ва бунбастҳои ақидатӣ нигоҳ доранд. Табақаи зиёӣ бошад, дар ҳамкории пайваста бо ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва пуштибонии иҷтимоӣ ҷомеаро аз дарун тағйири сифатӣ медиҳад ва ба пеш – ба сӯйи амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, гузаштан аз назария ба амалия сарҳадафи кори равшанфикри дар шароити феъли мебошад. Он чи ки гуфта мешавад ва тарѓиб мегардад (манзур шиорзани ва назарияпардозии хушку холии як идда зиёиён аст), бояд сараввал дар зиндагии шахсии худи мо, амалан татбиќ гардад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз марзи назарияпардозӣ ба сарҳадди амалиягароӣ по наниҳодаем, мароми таѓйироти сифатии ҷомеа зери суол мемонад. Кор кардан бо ҷомеа, омўзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимои, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимои, коркарди гузинаҳо (алтернатива)-и гуногун ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимои, фикри, фарҳанги, равони, ахлоќи, сиёси-мафкурави силсилаи тадбирҳоеанд, ки бояд дар сархатти барномаҳои фикрӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва мадании аҳли зиё ва фарҳанги кишвар қарор дошта бошанд.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

душанбе, 25 ноябри соли 2019, соати 17:33

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code