Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд
Хабарҳо / 01.07.2020

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич аз Хоҷагии деҳқонии «Шердил» боздид намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полезиҳо ба Пешвои миллат муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 17,5 гектар замин дошта, 9 гектари он замини корам, 3 гектар чарогоҳ, 5,5 гектар боғ, аз ҷумла 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок мубошад. Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни боло нисбатан сард аст, то имрӯз дар ин ҷо кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Аммо имсол аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи «Бангкок»-ро ба роҳ монда, ҳосили хубро интизоранд. Ҳамчунин дар байни қатори пиёз чормағзи заминии навъи туркӣ шинонидаанд ва он таҷрибаи нав дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Шердил» дар масоҳати 4 гектар гандум кишт кардаанд, ки рӯзҳои наздик дарави он шурӯъ мешавад. Масоҳати кишти картошка дар заминҳои хоҷагӣ 4 гектарро ташкил дода, дар он парвариши картошкаи навъҳои серҳосил ба…

Ифтитоҳи Беморхонаи ноҳиявии №5 дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич
Хабарҳо / 01.07.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи марти соли 2018 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Садрӣ Файзиев оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд ва барои 60 нафар шароити корӣ фароҳам гардид. Беморхонаи мазкур дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад. Маркази саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дигар технологияи муосири ташхису табобат ҷиҳозонида шудааст. Дар баробари васлу насби беҳтарин технологияи тиббӣ, инчунин дар ошёнаҳои якум ва дуюми беморхона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисон бо истифода аз гулу растаниҳои шифобахши ватанӣ имкон доранд маризонро ба ин намуди табобат низ фаро гиранд. Ҳуҷраҳои беморхона маҷмӯан дорои 75 кат буда, барои бе мушкилӣ гузаронидани мавсими сармо ҳар яке бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хати озоди барқ пайваст карда шудаанд….