ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2020
Хабарҳо / 03.04.2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2020-ро барои довталабони ноҳияи Деваштич оғоз кард. Нуқтаи бақайдгирӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ҷойгир буда, хоҳишмандон имкон доранд то санаи 30-юми апрел бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд. Довталабон дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад. Соли ҷорӣ, воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 66 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд. Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2020 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1 ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12 ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд. Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2018 барои як довталаб чунин муқаррар карда шудааст: 1) 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ва марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои…

Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт)
Хабарҳо / 02.04.2020

Муддатест, ки аз дурдасти як марғзори хушобу алаф аз ҳанҷараи дарозгӯше пайваста садои гӯшхарош баланд мешавад. Дарозгӯш мафтун аз манзараи чарогоҳ ва маст аз бонгҳои паёпаю рӯзафзуни хеш дигар гумон карда, ки рисолати зиндагии ӯ фақат чаридану бонг сар додан аст.

Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ)
Хабарҳо / 02.04.2020

Санаи 02-юми апрели соли ҷорӣ сомонаи «рисолат.тҷ» (risolattj.com) адабиёт ва истилоҳи дигаргунаеро дар мақолаи «Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ» дар бораи вижагиҳои ҲНИ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастраси хонанда кардааст.

Наврӯз  ва  Тоҷикистон
Хабарҳо / 14.03.2020

Наврӯз яке аз  решадортарин ҷашнҳои шаҳригарӣ ва шаҳриварӣ дар ҷаҳони нав ва куҳна аст, ҳангоме, ки сухан аз нав ва куҳна ба  миён меояд, бедаранг зеҳни мо ба сӯйи замон раҳнамун мешавад, мизони санҷиши куҳан ва куҳантар дар зиндагии мардум замон аст, замон тарозуи куҳнагӣ ва навӣ аст, як шабонарӯзро дар дониши рӯзшуморӣ як рӯз меноманд!

Гузориши ИМА, сафсатаву сӯзанда
Хабарҳо / 14.03.2020

Тавре таҳлилҳо соҳа нишон медиҳанд, на ҳама кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки худро ҳомии сулҳу субот ва оромии минтақа ва ҷаҳон медонанду ба дигарон ҳукмфармоӣ карданро меписанданд,  дар воқеъ дар пайи талоши барқарории амнияти ҷаҳон мебошанд. Кишвари Амрико, ки худро яке аз мудаиёни асосии демократия ва сулҳу субот дар ҷаҳон ҳисоб мекунанд.

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо / 05.03.2020

​​Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)