Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад, ки дар он ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор иштирок менамоянд. Дар рӯзҳои ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар «Қалъаи Хуҷанд» ҳамчунин намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ташкил мегардад. Ҳамзамон дар ин макон Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоиши ҳунарҳои мардумиро доир менамоянд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдори ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки зиёди меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд баргузор мешавад. Хотиррасон мешавем, ки 11 апрели соли 2024 Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баъди таъмиру навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд. Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо…
4 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Умед Солеҳзода ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба рафти омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи комиссияи вилоятӣ муовинони Раиси ноҳия, муовини сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, аъзоёни комиссияи тиббии ноҳиявӣ, раисон ва нозирони мизҳоли ҳарбии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шахсоне, ки аъзои комиссияи даъват мебошанд иштирок доштанд. Ҷаласаро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синну соли даъватӣ барои адои хизмат тадбирҳои муайян амалӣ карда мешаванд. Дар идома, оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳории…