11 марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ва қадрдонии як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Нахуст, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуотро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат таҳният намуда, зикр дошт, ки ҳамасола чун анъана сар то сари ҷумҳурӣ санаи 11 март ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик- иди касбии рўзноманигорон таҷлил карда мешавад. Зикр дошт, ки матбуот аслиҳаи тавоною нерўи бузурги тарғиботу ташвиқот, воситаи ба хештаншиносиву ватанпарастӣ даъват намудани ҷамъият ва тарбияи маънавию ахлоқии омма маҳсуб ёфта, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи фарҳанг, сулҳ ва дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ, мусоидаткунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳанд. Вобаста ба ин рўзномаҳои ноҳия “Набзи Деваштич” ва “Пайғом”дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия саҳми арзанда доранд. Кормандони соҳаи матбуот бо дарки маъсулияти баланди касбӣ баҳри инъикоси ободиву созандагӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва…
Муҳтарам кормандони васоити ахбор! Бо мақсади қадршиносии кормандони васоити ахбори умум ва аҳли қалам ҳамасола саросари кишвари азизамон санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеъияти рӯзгор нақши муассир дорад. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб намуда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир карда мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши матбуот дар ҷомеаи муосир баҳои арзанда дода, таъкид доштанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошад, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд”. Агар ба таърихи Рӯзи матбуот назар афканем маълум мегардад, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ба нашри нахустини рӯзномаи “Бухорои Шариф”, ки 11-марти соли 1912 интишор шудааст, алоқамандии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ба ифтихори…