Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони ноҳия, бахусус модарону бонувон ва духтарони диёри маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ, хонаободиву сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед». Дар сатҳи баланд бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар ин нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Имруз нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, имрузҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо…
7 марти соли 2025 Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати Рӯзи Модар чанде аз занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат намуд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҷумла ба манзили истиқоматии сокини шаҳраки Ғончӣ Лола Холова, сокини деҳаи Қалачаи Азими Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Изолат Қӯзиева, сокини деҳаи Хоҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан Робия Рустамова, сокини деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун Гулнора Эгамбердиева ташриф оварда, бонувони иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рўзи Модар самимона табрик гуфт. Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа мебошад. Воқеан ҳам модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад. Маҳз, ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Қайд карда шуд, ки занону модарон бо худфарсоиву ҷоннисорӣ ва муҳаббату меҳрубонӣ илова бар тарбияи насли ояндасоз барои пешрафти…
7 марти соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳӣ Рӯдакии ноҳия бо ширкати Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахус Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли модарони мушфиқ ва бонувони ғамхори ноҳияро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд. Таъкид гардид, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ў пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад. -Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед». Дар сатҳи баланд бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар ин нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон,…
Субҳи 7 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯрали Ҷалилзода бахшида ба Рӯзи Модар зиёда аз 20-нафар бонувони собиқадори меҳнат, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси гардид. Зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат Раиси ноҳия қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Зимни суҳбати самимӣ таъкид дошт, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Дар арафаи Рӯзи Модар қадршиносии заҳмати онҳо рамзист, зеро модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа,…
7 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бонувони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, барояшон зиндагии саршор аз меҳру муҳаббат, солимиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек, хонаи ободу дастархони фаровон ва барору комёбиҳо таманно намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард. Раиси ноҳия дар аснои суҳбат иброз дошт, ки модарон ҳамчун офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари фарзандон дар ҷомеаи имрӯза аз мақому манзалати хос бархурдор мебошанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хизмати бонувони собиқадорро мунтазам қадршиносӣ менамояд. Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти кишвар бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи Модар эҳё гардида, дар Ватани маҳбуби мо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва бо омад-омади фасли баҳор, эҳёи табиат, бедоршавии гулу растанӣ ва руҳбаландии инсонӣ тавъам меафтад. Воқеан, Модар низ чун табиат офарандаи наслу тарбиятгари аҳли башар мебошад ва пайваста зиндагии инсониро зебу зиннати тоза мебахшад. Дар фарҷом қайд гардид, ки бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии…