12 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати Раиси ноҳия, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Султон Раҳмонзода, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, фаъолони ноҳия ва дигар шахсоне, ки вакил нестанд, вале ба масъалаҳои иҷлосия дахл доранд, иштирок намуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст гузориши Даврон Зикруллоев, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки 2 марти соли 2025 дар 40 ҳавзаи интихоботӣ интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич доир шуд. Дар маҷмуъ 116510 нафар ҳамчун интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буд, дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд. Сипас, ваколати 40 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум тасдиқ гардид ва вакилони тозаинтихоб дар назди халқу давлат савганд ёд карда, омодагии хешро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор намуданд. Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия…