Кормандону собиқадорони мақомоти прокуратура! Ҳамасола тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 14-уми март ҳамчун Рўзи кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад, кулли кормандони прокуратура ва собиқадорони соҳаи прокуратураро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик намуда, бароятон сарбаландӣ, сиҳатмандӣ, бахту саодат ва дар адои вазифаи пурмасъулият баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно менамояд. Ташаккули мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократия, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ – конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд. Зикр бояд намуд, ки Асосгузори сульу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор…