Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ободкориҳо идома доранд. Санаи 5 ноябр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардиданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат нақша доранд, ки имсол аз гардиши деҳаи Нуробод то маркази Ҷамоат роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст. Мумфаршкунии роҳи мазкур бо иқдоми сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шуда, дарозии он 6 км ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ сарф мегардад. Раиси ноҳия зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ҷамоатро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад. Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ҳамин муносибат 5 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ мамлакат, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни ҷамъомадро бо муносибати ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо нотакрор, тақдирсоз ва хотирмон ба ҳисоб мераванд. Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мо ҳамчун таърихи шаклгирии давлатдории миллӣ…
Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям. Солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд. Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки…
4 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси ноҳия ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард. -Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- иброз дошт Раиси ноҳия. Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст. Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри…
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳия муаррифӣ шуд. Масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории ноҳия зимни муарифии лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси ноҳия маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Бобо Салом бинои баландошёнаи истиқоматии 9 ошёна бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар бинои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст. Раиси ноҳия зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии ноҳияи Деваштич омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.
1 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Деваштич бо истифода аз ҳавои мусоид баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар ҳашари умуминоҳиявӣ кормандони касбу кори гуногун ва сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ки дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ҷойгир мебошанд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, вусъати корҳои ободонӣ саҳми босазои худро гузошта, ду шафати шоҳроҳи мазкур ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзиро ба кишти тирамоҳӣ омода намуда аз алафҳои бегона тоза карда, ниҳолҳои хушкшударо решакан намуда, ҳамзамон дарахтони қади роҳро сафед карда ба тартиб дароварданд. Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат, тозаю озод нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яке мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи диёри азизамон аз хонаву дари худ, кӯчаю маҳалла ва деҳа сар карда, фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷиконро ҳифзу гиромӣ нигоҳ доранд ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 26 октябр ҳамчуни Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф барору комёбӣ таманно намуданд. Раиси ноҳия қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти мақомоти судӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. “Бояд қайд намуд, ки мақомоти судӣ дар мамлакат яке аз қисматҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ба зиммаи кормандони он рисолати таъмини адолати судӣ вогузор шудааст ва онҳо ин рисолатро бо камоли масъулиятшиносӣ ба ҷо меоранд ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди мутамаддин саҳми сазовор мегузоранд”, – иброз дошт Раиси…
Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Девашитич низ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ бомаром идома дорад. Имрӯз, 22 октябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боздид ба амал овард. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 2300 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи 22.10.2024 8314га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, кишти тирамоҳӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
14 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати прокурори ноҳияи Деваштич мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони шӯрои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи Шӯро ёрдамчии калони прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷамшед Маърупов суханронӣ намуда, оид ба рафти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Дар муҳокима сардори шуъбаи дар ноҳияи Деваштич будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Ҳасанов, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Абдумаҷид Ҷалилов ва дигарон шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи…