18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок намуда, ҷавонони фаъолу лаёқатманд низ ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд. То ҷавонон аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд. Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ташкил гардида, барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина тарғиби арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Давомнокии курси мазкур се моҳ буда, 23 мавзӯи дигар аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд. Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ мебошад. То мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон бартараф карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” маросими супоридани шаҳодатнома ба таври тантанавӣ доир гардида, хатмкунандагони курси мазкур соҳиби…
Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум вакилони маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Инчунин, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Аминҷон Абдуллозода иштирок намуд. Дар асоси рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бахт” №2 Равшаной Маъмурзода оид ба фаъолияти вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи…
Ҳамдиёрони азиз! Мо дар арафаи ҷашни Истиқлол қарор дорем, аз ин рӯ кулли сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштичро бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар хонадони ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз, файзу баракат ва шодмониву нишоти рӯзгор хоҳонам. Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми ноҳияи Деваштич ифтихор аз он доранд, ки сиву се сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлоли давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандона, дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти миллӣ гардидем. Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият дар як муддати кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Имрӯз мардуми шарафманди нохия дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси 33 –…
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Имрӯз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз-Рӯзи дониш бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳар яки мо дар оғози Соли нави хониш ва дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи Шуморо бо ин санаҳои муборак самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омузгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям. Бояд қайд намуд, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибдонишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Пешвои муаззами миллат ба илму маориф аҳамияти хоса дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “Ояндаи миллат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Таҷрибаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор…
Дар арафаи соли нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои аз нав таъмиргардида баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025 дар муассисаи таълимии мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда, барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев Мурод, Турдиалиев Шавкат бунёд гардида, устоҳои деҳа, Муҳаммадиев Нӯъмонҷон, Ҳасанов Ғайрат, Отақӯзиев Шерматбек, Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо саҳми арзанда гузоштанд. Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат намуда, дар оянда сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.
Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…
Дирӯз дар Қасри фарҳангӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар кори машварат намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Самизода Мусобек, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст мудири шуъбаи маорифи ноҳия Даврон Зикруллоев оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2023 – 2024 ва рушди соҳа ҳисобот пешниҳод намуд. Инчунин Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намудаанд. Воқеан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таҷри назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи маориф хоса буда, маблағгузории соҳа сол аз сол афзун гардида истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ноҳия бо таҳлили вазъи соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, иҷроибарномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дода шуд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Самизода Мусобек низ дар рафти машварат сухан…
МАЪЛУМОТНОМА *МУСТАФО ВАФО ҲАМРОИЁН *аз моҳи феврали соли 2023 дар мансаби Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич фаъолият мебарад. *Соли таваллуд 3 апрели соли 1993 *Ҷои таваллуд ноҳияи Деваштич *Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ *Соли 2015 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хатм кардааст *Ихтисос иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос *Унвони илмӣ надорад *Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ўзбекӣ, англисӣ бо луғат *Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст, ё не ҳа *Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не *Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд *Суроға ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, кўчаи Р.Ашўров – 5 а *Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 2011-2013 Мутахассиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ Солҳои 2013-2015 Мутахассиси шўъбаи савдо ва хўроки умумӣ дар Раёсати матлуботи ноҳияи Ғончӣ Аз моҳи августи соли 2015-2017 Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич Аз моҳи октябри соли 2017 то феврали соли 2023 Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич: Инчунин Раиси Филиали Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аз…
Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Ва «Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад. Дар давлати озод мактаб воситаи озод кардан ва дар ҷамъияти тафаккури маҳдуд воситаи ғулом кардани инсон аст» (В. Либкнехт). Муҳиммияти мактаб – аз ҳафт то ҳаждаҳ соли ҳаёти инсонӣ фурсати бунёди таҳкурсии ҳаёти боқимондаи одам аст. Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад – таълим ё тарбия? Инҳо мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар ҳолат, тарбия дар ҷойи аввал меистад. Он мафҳуми полисемӣ, ҷамъбастӣ, хулосавӣ ва муайянкунанда аст. Таълим муҳимтарин воситаи системакунонӣ, асоснок намудан, тақвият бахшидани маънавияти инсонӣ, танзимгари ният…