17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд. Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохта шудааст. Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, ҳаҷми истеҳсолот бо сифати баланд афзун мегардад. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд. Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд. Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад. Ҳама гуна маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки…
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшн Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ “АДЛ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи саноативу истеҳсолии ҶДММ “АДЛ” дар доираи тадбирҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандуст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст. Корхона дар як сол то 20 ҳазор намудҳои гуногуни ҷиҳози кӯдакона, аз ҷумла 7 намуд мебел ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолонро истеҳсол мекунад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар сехи истеҳсолии “АДЛ” дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ ворид ва насб гардидааст. Дар ин корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд. Бо васеъ шудани фаъолияти корхонаи мазкур имкон аст, ки шумораи кормандон зиёд карда шавад. Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ босифат истеҳсол гардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона гардад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст. Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд. Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Дар коргоҳи таъмири тарансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда,…
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Корхона дар масоҳати 22 садяк замин бунёд шуда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Моеи зидди ях,…
16 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолону ҷавонон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Деваштич зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ, пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд . -Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта,…
Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ободкориҳо идома доранд. Санаи 5 ноябр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардиданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат нақша доранд, ки имсол аз гардиши деҳаи Нуробод то маркази Ҷамоат роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст. Мумфаршкунии роҳи мазкур бо иқдоми сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шуда, дарозии он 6 км ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ сарф мегардад. Раиси ноҳия зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ҷамоатро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад. Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ҳамин муносибат 5 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ мамлакат, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни ҷамъомадро бо муносибати ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо нотакрор, тақдирсоз ва хотирмон ба ҳисоб мераванд. Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мо ҳамчун таърихи шаклгирии давлатдории миллӣ…
Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям. Солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд. Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки…
4 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси ноҳия ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард. -Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- иброз дошт Раиси ноҳия. Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст. Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри…