ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

7 марти соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳӣ Рӯдакии ноҳия бо ширкати Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахус Раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли модарони мушфиқ ва бонувони ғамхори ноҳияро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд. Таъкид гардид, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ў пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад. -Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед». Дар сатҳи баланд бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар ин нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон,…

ҚАДРШИНОСИИ БОНУВОНИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР РӮЗИ МОДАР

Субҳи  7 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯрали Ҷалилзода бахшида ба Рӯзи Модар зиёда аз 20-нафар бонувони собиқадори меҳнат, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси гардид. Зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат Раиси ноҳия қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Зимни суҳбати самимӣ таъкид дошт, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Дар арафаи Рӯзи Модар қадршиносии заҳмати онҳо рамзист, зеро модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа,…

РАИСИ НОҲИЯ БОНУВОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯРО БО РӮЗИ МОДАР ТАҲНИЯТ ГУФТ

7 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бонувони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, барояшон зиндагии саршор аз меҳру муҳаббат, солимиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек, хонаи ободу дастархони фаровон ва барору комёбиҳо таманно намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард. Раиси ноҳия дар аснои суҳбат иброз дошт, ки модарон ҳамчун офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари фарзандон дар ҷомеаи имрӯза аз мақому манзалати хос бархурдор мебошанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хизмати бонувони собиқадорро мунтазам қадршиносӣ менамояд. Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти кишвар бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи Модар эҳё гардида, дар Ватани маҳбуби мо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва бо омад-омади фасли баҳор, эҳёи табиат, бедоршавии гулу растанӣ ва руҳбаландии инсонӣ тавъам меафтад. Воқеан, Модар низ чун табиат офарандаи наслу тарбиятгари аҳли башар мебошад ва пайваста зиндагии инсониро зебу зиннати тоза мебахшад. Дар фарҷом қайд гардид, ки бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии…

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Иди Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Хабарҳо / 05.03.2025

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад, ки дар он ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор иштирок менамоянд. Дар рӯзҳои ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар «Қалъаи Хуҷанд» ҳамчунин намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ташкил мегардад. Ҳамзамон дар ин макон Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоиши ҳунарҳои мардумиро доир менамоянд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдори ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки зиёди меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд баргузор мешавад. Хотиррасон мешавем, ки 11 апрели соли 2024 Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баъди таъмиру навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд. Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо…

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БАРГУЗОР ГАРДИД

4 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Умед Солеҳзода ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба рафти омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи комиссияи вилоятӣ муовинони Раиси ноҳия, муовини сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, аъзоёни комиссияи тиббии ноҳиявӣ, раисон ва нозирони мизҳоли ҳарбии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шахсоне, ки аъзои комиссияи даъват мебошанд иштирок доштанд. Ҷаласаро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синну соли даъватӣ барои адои хизмат тадбирҳои муайян амалӣ карда мешаванд. Дар идома, оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳории…

Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
Хабарҳо / 03.03.2025

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд. Тавре Раиси Комиcсия Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазару 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштирокнамуда овоз додаанд,…

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд

2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории кишвар дар ҳузури мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд. Дар ин участкаи интихоботӣ ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ овоз доданд. Зимнан дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз медоданд. Тавре мушоҳида мегардад, интихобот дар ҳамаи гӯшаву канори кишвари азизамон дар фазои орому осуда ва суботи сиёсию иҷтимоӣ ҷараён гирифта, мардум озодона ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизбҳои хостаи худ овоз медиҳанд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИШТИРОК НАМУДАНД

22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти паради низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд. Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ – афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу…

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия  – 1ҷой  Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мудир:         -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;           – 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,           – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.         – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;       –  малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.       – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 2560 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ. 2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                                                                            – 1ҷой   Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис:           – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;           – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);           – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак…

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22.02.2025, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ! Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ! Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад. Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд. Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад. Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд. Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд. Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ва ташкили…