ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ МАҲАЛИИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДОИР ШУД
Хабарҳо / 20.05.2025

19 май ба муносибати моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносию худогоҳӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллии ҷавонон тарбия намудан, расидан ба қадри неъмати бебаҳо истиқлолият ва тинҷиву оромии Ватани азизамон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар Шӯро сохторҳои дахлдор, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Ҷаласаи Шӯроро Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, аъзоёни Шӯроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Сипас аз рӯи масъала мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев оид ба фаъолияти бахш ва татбиқи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ноҳия ҳисобот дод. Баъдан як қатор ҷавонони касбу кори гуногун ба музокира баромада, оид ба нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва рушду инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлат суханронӣ намуданд. Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласа Раиси ноҳияАшуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон, зери таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат қарор доштани сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи давдат, пешрафти босуботи ҷомеа, ҳимояи амният ва марзу бум, дастгирии ҳамешагии ҷавонон аз…

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМАРАФОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

19 май дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовинони Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони МИҲД ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо, ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич низ муҳайё гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ РЎЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 80-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҷоннисориҳо кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳифзи онҳо мо бояд ҳамеша омода бошем. Бояд қайд намуд, дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки…

КУМАКПУЛИҲОИ ЯКВАҚТАИНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ СУПОРИДА ШУД
Хабарҳо / 09.05.2025

8 май намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 100 сола ва сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Нозим Носирови 101 соларо хабар гирифта ба онҳо кумакпулиҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супориданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст. Мавриди зикр аст, ки ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 50 000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 000 сомонӣ ва аз номи Раиси ноҳияи Деваштич 3000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд. Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945
Хабарҳо / 09.05.2025

Субҳи 8 майи соли 2025 ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи муҷассамаи “Аскари номалум”-и шаҳраки Ғончӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд. Инчунин дар маросими гулчанбаргузорӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол низ бо эҳтироми хоса ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияро ба муносибати 80-солагии Рўзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, саодати рўзгор ва барору комёбиҳо таманно намуд. Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд. -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –…

ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ИШТИРОКЧИЁНИ АҚИБГОҲИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 КУМАКПУЛИҲОИ ЯКВАҚТАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ТАҚДИМ КАРДА ШУД
Хабарҳо / 09.05.2025

8 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Бониёзов ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд. Зимни суҳбат бо иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ҷанги дуюми ҷаҳон тамсили олии Ватандӯсти, ваҳдат озодихоҳӣ, ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад. Бояд қайд намуд, ки ба муносибати ин санаи таърихӣ ба 5 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки айни замон дар ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунанд ёрии яквақтаинаи моддӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд-8000 сомонӣ ва Раиси ноҳияи Деваштич- 1000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ин иқдом идомаи тадбирандешиҳо ҷиҳати қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи Ватан ба шумор меравад. Фидокорони меҳнати ақибгоҳ аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.

ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ДЕҲАИ РОСРОВУТ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 май Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳи дохилии деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут иштирок карданд. Дар суҳбат бо сокинон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба сокинони деҳаи Росровут барои амалисозии иқдому ташаббусҳои созанда изҳори ташаккур намуд. Қайд карда шуд, ки сокинони ноҳия имсол дар тамоми деҳаҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ карда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаҳои деҳот намунаи ибрат гардиданд. Боиси таъкид аст, ки сокинони деҳаи Росровут дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди деҳотро мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш намуда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷаншни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар муттаҳидию сарҷамъӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ менамоянд. Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми сокинони деҳа ва соҳибкорони бурунмарзие, ки аз деҳаи мазкур мебошанд, корҳои ҳамворкунии роҳи дохилии деҳаи Росровут пурра ба анҷом расонида шуда, имрӯз мумфаршкунии роҳ оғоз гардид. Роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 10…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

Муҳтарам кормандони мақомоти андоз ва собиқдорони соҳа! Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоёнро ба муносибати иди касбиатон Рўзи кормандони мақомоти андоз аз номи худам ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик ва муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рўзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям. Воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд. Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад. Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомоти андози ноҳия мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ…

РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 48-И ДЕҲАИ МУҶУН ШИНОС ШУД
Маориф , Хабарҳо / 04.05.2025

2 майи соли равон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзод дар доираи нақшаи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамаи 48-и деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷун шинос шуд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Муҷун бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ба истифода дода мешавад. Зимни шиносоӣ иттилооъ дода шуд. ки бинои мазкур аз се ошёна ва таххона иборат буда, барои 420 хонанда дар як баст бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ пурра таъмин карда мешавад. Раиси ноҳия бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.  

Кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 9 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар майдони  9 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024  800 гектар бештар аст.   Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст.   Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро пурсамар истифода бурда, дар он парвариши картошкаро ба роҳ мондаанд.   Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ аз ҷониби деҳқонон пурра истифода шуда, дар чунин заминҳо асосан кишти картошка ба роҳ монда шудааст.