БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МАҲАЛЛАИ ҚӮРҒОНЧАИ ДЕҲАИ ҒАЗАНТАРАК ОҒОЗ ГАРДИД
Хабарҳо / 27.06.2025

27 июн Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Қӯрғончаи деҳаи Ғазантараки ноҳия ҳусни оғоз бахшид. Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми хатмкунандагони соли таваллудашон 1988 ва сокинони маҳаллаи мазкур амалӣ гардида истодааст. Роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 1 км масофаро дар бар мегирад ва бо ин мақсад хароҷоти наздик 280 ҳазор сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ноҳия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дошта, нақши сокинон низ дар ободии сарзамини муқаддасамон назаррас аст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди деҳаи Ғазантарак бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки сокинони деҳаи мазкур соли сипаригардида низ бо дастгирии хатмкунандагони соли 1987, сокинону шахсони саховатпеша зиёд аз 2,5 км роҳҳои дохилиро мумфарш намуда буданд. Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО ИДОНА БА КӮДАКОН

Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ба кӯдакони эҳтиёҷманд Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода тӯфаҳои идона тақдим кард. Сараввал Раиси ноҳия кулли кӯдаконро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно намуданд. Дар сӯҳбат бо наврасон роҳбари ноҳия қайд кард, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам кӯмак расонида мешавад. Раиси ноҳия аз хонандагон даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, забонҳои хориҷиро хуб азхуд кунанд. Дар оянда пайдо намудани роҳи дурусти зиндагӣ маҳз аз таҳсилу ҳунаромӯзии даврони мактабӣ вобаста буда, наврасон бояд аз шароити мусоид пурсамар истифода намоянд. Ҳамзамон Раиси ноҳия зимни тақдими туҳфаҳо аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар гардида, ба масъулин барои мунтазам расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон дастуру супоришҳо дод. Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАБ АҲМАДЗОДА ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АЗ ҲОЛИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ХАБАР ГИРИФТ

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич ба хабаргирии собиқадорони меҳнат рафт. Раҷаб Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори меҳнат Ҳикмат Ниёзова ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Азимовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфт. Сокини деҳаи Қалъаи Дӯст, Ҳикмат Ниёзова, ки аз соли 1967 ба ҳунармандӣ машғул аст ва даҳҳо шогирд тарбия намудааст, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор гирифта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардид. Номбурда дар суҳбат таъкид дошт, ки меҳнати ҳалол ва ҳунари дастӣ дар ҳама давру замон шахсро ба камол ва иззату эҳтиром мерасонад. Ҳамчунин Ҳошим Азимов, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз ҷониби роҳбари вилоят бо туҳфаҳои идона қадр карда шуд. Дар суҳбати самимӣ таъкид шуд, ки саҳми собиқадорон дар рушди кишвар муҳим аст ва мардум имрӯз натиҷаи заҳматҳои онҳоро бо чашми сар мебинанд.

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДОХИЛӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дар ноҳияи Деваштич бо дастгириҳои мақомоти давлатӣ ва саҳмгузории сокинон 22 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мумфарш карда шудааст. Корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо дар деҳаҳои гуногуни ноҳия идома дошта, дар назар аст, ки даҳҳо километри дигар мумфарш гардад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии кӯчаҳои асосии деҳаҳои Басманда ва Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич иштирок намуд. Ба иттилои масъулин, кӯчаи марказии деҳаи Басманда ба дарозии 1900 метр ва 800 метр кӯчаи деҳаи Қалъаи Дӯст пурра мумфарш мешавад. Зимни суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят таъкид кард, ки ҳама гуна пешрафту созандагӣ маҳсули ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои ободонии Ватан саҳмгузор бошанд. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд ба хабаргирии собиқадорони меҳнат, шахсиятҳои фидоӣ ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич рафт. Сокини деҳаи Қалъаи Дӯст, Ҳикмат Ниёзова, ки аз соли 1967 ба ҳунармандӣ машғул аст ва даҳҳо шогирд тарбия намудааст, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор гирифта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардид. Номбурда дар суҳбат таъкид дошт, ки меҳнати ҳалол ва ҳунари дастӣ дар ҳама давру замон шахсро ба камол ва иззату эҳтиром…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро аз самими қалб ба сокинони сарбаланди ноҳия табрику таҳният мегӯям. Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият буда, дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд. Қайд намудан бамаврид аст, ки бисту ҳашт сол пеш дар ҳамин рӯз тавассути заҳматҳои беназири фарзанди некному сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафодидаи тоҷик ба рӯзҳои неку шодӣ расид ва дар кишвар фазои орому осуда, сулҳу оромӣ танинандоз гардид. Вобаста ба ин миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит намуд, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ қатлу ғорат набуду нест. Пас аз вохӯрию талошҳои зиёд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он рӯз дар таърихи миллат ҳамчун рӯзи наҷоти тоҷикон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардид. Баъд аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ…