Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ боздид ба амал овард. Айни замон дар ноҳия бунёди бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хатҳои оби полезиву нӯшокӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома доранд. Корҳои созандагиро метавон дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо мушоҳида кард. Сокинон дар ҳамбастагӣ баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ бо ташаббуси сокинон дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи ҳашар оғоз гардидааст. Дар деҳаи Қалъаи Дӯст бошад, сохтмони бинои нави Маркази саломатӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 6700 нафар аҳолӣ аз хизматрасонии беҳтари тиббӣ бархӯрдор хоҳанд шуд. Саҳми соҳибкорон дар ин раванд шоиста мебошад. Ҳамзамон, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзии ҶДММ “Раҳматулло” шинос шуд. Гуфта шуд, ки бо ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳ то 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Деваштич сохтмон, таъмир ва навсозии 583 иншоот ба нақша…
Субҳи 6 июн мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масҷиди ҷомеаи ноҳия намози Иди Қурбонро хонданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба масҷиди ҷомеи марказии Абӯбакри Сиддиқи ноҳия ташриф оварда, кулли сокинони ноҳияро бо муносибати Иди Қурбон табрик намуд. Зимни суханронӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода таъкид дошт, ки иди Қурбон ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Яке аз фазилатҳои неки иди Қурбон ин анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меоварад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои…
Ҳамдиёрони азиз! Боиси сарфарозист, ки ҳамасола яке аз суннатҳои волою арзишманди мусулмонон ҷашни мубораки Иди Қурбон дар саросари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Мардум бо арҷгузории Иди шарифи Қурбон аз даргоҳи илоҳӣ руҳи гузаштагони худро бо дуову дуруд ёд мекунанд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рўз талқини арзишҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон амалӣ мегардад, ки аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ мебошад. Ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд. Таҷлили Иди Қурбон барои мусулмонон рўзи имтиҳону озмоиш буда, инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон мекунад, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, мутаассифона дар баъзе кишварҳо дини мубини исломро сарчашмаи ҳар гуна хушунату зўровариҳо меҳисобанд. Аз ин рў, вазъи ҳассоси ҷаҳони имрўза моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем. Дар баробари ин нагузорем, ки ғояҳои зўроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад, зиндагии ором ва…
5 июни соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро аз номи Раиси ноҳияи муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода бо иди касбияшон табрику муборкбод намуда дар фаъолияташон пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу намуд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист воситаи беҳтарини ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли башар ба масоили экологӣ мебошад. Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ ба муаммоҳои ҳифзу ҳимояи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахусус, дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб шудааст. Муовини якуми Раис ноҳия зимни сухарони худ иброз дошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар…
Ҳамасола санаи 5 июн дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёнгари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳими умумибашарӣ дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони имрӯза афзоиш ёфтани шумораи аҳолии сайёраи Замин ва зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами наботот аҳамияти бештар зоҳир намояд. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи инсон буда, боло рафтани маърифати…